Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Виктор Бут дар Тайланд боздошт шуд


Мақомоти Тайланд гуфтанд, ки як тоҷири руси аслиҳа Виктор Бут имрӯз дар Бангкок боздошт шуд. Як генерали полис гуфт, Бут, ки дар феҳрасти Интерпол қарор дорад, бо дархости додгоҳи Тайланд боздошт шуд. Ҳанӯз иттиҳомоти ин шаҳрванди Русия мушаххас нест. Полис гуфт, ки қабл аз истирдоди Бут ба кишвари сеюм, эҳтимолан ИМА, дар дохили Тайланд ӯро муҷозоте интизор аст. Бутро дар он муттаҳам мекунанд, ки муқаррароти СММ-ро нодида гирифта, силоҳу муҳимоти ҷангиро ба ҷангсолорони аршади Африқову Афғонистон қочоқ кардааст.
XS
SM
MD
LG