Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти Эрону Амрико дар Ироқ мутаваққиф шуд


Ҳукумати Ироқ гуфт, нишасте, ки бо ташаббуси Бағдод барои сари мизи гуфтугӯ нишондани мақомоти Эрону ИМА бо ҳадафи баррасии вазъи амниятии Ироқ дар назар гирифта шуда буд, ба таъхир уфтод. Сухангӯи ҳукумат Алӣ Дабағ гуфт, ки фурсати муносибе барои баргузории ин нишаст ҳанӯз даст надодааст, ҳарчанд Ироқ масъулияти мизбонии онро ба ӯҳда дорад. Хабаргузории ИСНО-и Эрон қаблан гузориш дода буд, ки мақомоти Эрон ва ИМА даври чаҳоруми музокироти худро роҷеъ ба вазъи амниятии Ироқ имрӯз дар Бағдод дойир хоҳанд кард. Мақомот гуфтанд, ки таърихи баргузории нишасти навбатӣ мушаххас нест.
XS
SM
MD
LG