Пайвандҳои дастрасӣ

Сандуқи Байналмилалии Пул Душанберо айбдор кард


Ҳайати иҷроияи Сандуқи Байналмилалии Пул (IMF) Тоҷикистонро муттаҳам карда гуфт, ки Душанбе бар хилофи тааҳҳудоти худ амал карда ба масрафоти ғайриҳадафмандонаи пул роҳ додааст. Дар гузориши ин созмон аз Тоҷикистон тақозо мешавад, ки дубора ба Сандуқи Байналмилалии Пул маблағи 48 миллион доллар баргардонида шавад, чунки мақомоти ин кишвар роҷеъ ба харҷу хароҷоти пулҳои мазкур гузоришҳои носаҳҳеҳ додааст. Сандуқи Байналмилалии Пул дар ин замина изҳори таассуф кардааст.
XS
SM
MD
LG