Пайвандҳои дастрасӣ

Зодрӯзи маргбори дугоникҳо


Мақомоти Албания гуфтанд, ки шаби гузашта дар обҳои рӯдхонаи Фарка, 10-километрии шаҳри Тирана киштие ғарқ шуда 16 нафарро ба ҳалокат расонид. Дар ин киштӣ меҳмонҳои як тарабхонаи обӣ ҳаракат мекарданд, ки ба зодрӯзи дугоникҳои 5-сола даъват шуда буданд. Полис гуфт, ки киштӣ танҳо барои интиқоли ҳафт нафар пешбинӣ мешуд ва бо сабаби вазни аз ҳад зиёд доштанаш зери об рафт. Дар ин ҳодиса танҳо чаҳор нафар ҷон ба саломат бурданд.
XS
SM
MD
LG