Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти НАТО дар Бруссел идома дорад


Вазирони хориҷаи кишварҳои НАТО дар нишасти имрӯзаи худ дар Бруссел масъалаи ба узвияти ин паймони низомӣ пазируфта шудани кишварҳои Албания, Хорватия ва Македонияро баррасӣ мекунанд. Нишасти имрӯза заминаҳои баргузории ҳамоиши аъзои НАТО-ро дар 2-4 апрел дар Буҳарест ҳамвор мекунад. Дабири кулли НАТО Яап Де Ҳуп Скеффер дар ин нишаст гуфт, ки ҳамоиши бештари кишварҳои аврупойӣ ба ин паймон ба таҳкими вазъи амниятии минтақаи Балкан мусоидат хоҳад кард. Вазирон инчунин гуфтанд, ки дар нишаст инчунин масъалаҳои марбут ба узвияти эҳтимолии Гурҷистону Украина ва амалиёти нирӯҳои НАТО дар Афғонистону Косово баррасӣ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG