Пайвандҳои дастрасӣ

OPEC нархро бетағйир гузошт


Чакиб Халил (чап) ва дабири кулли OPEC Абдуллоҳ ал-Бадрӣ дар ҷаласа

Чакиб Халил (чап) ва дабири кулли OPEC Абдуллоҳ ал-Бадрӣ дар ҷаласа

Чакиб Халил, раҳбари ОPEC ё Иттиҳодияи кишварҳои содиркунандаи нафт, дар нишасти вазирони нафт, ки дар Вена, пойтахти Австрия, доир шуд, эълом намуд, ки ин созмон танҳо ба хотири дархости ИМА тавлиди нафтро афзоиш нахоҳад дод.

Оқои Халил ҳамчунин изҳор дошт, ки дар семоҳаи дувуми соли 2008 камшавии талабот ба нафт интизор меравад, чунки ба эътиқоди ӯ, пешниҳоди нафт дар муқоиса ба талабот дар ҳоли ҳозир низ хеле бештар аст. Ба гуфтаи ӯ, дар бозори нафт пешниҳоди ин навъи маҳсулот хеле зиёд аст ва пешниҳоди бензин – аз он ҳам бештар.
Пас чаро нархи нафт ва бензин то ин андоза боло рафтааст? Агар таъминот зиёд бошад пас нархи нафт бояд поин равад. Дар посух оқои Халил ба буҳрони молии Амрико ангушти ишора бурд, ки дар натиҷаи он қурби доллари амрикоӣ се сол пайиҳам поин меравад: “Сабаби он чи ки дар бозори нафт ба амал меояд идораи нодурусти иқтисоди ИМА мебошад, ки эҳтимолан ба боқии ҷаҳон ва иқтисодҳои дигар кишварҳои дунё таъсир мерасонад”.
Ба эътиқоди коршиносон, ба шаклгирии нархи нафт чандин омил таъсир мекунад, ки як омили умдааш ҳамон таносуби байни пешниҳод ва талабот барои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат аст. Нигарониҳои геополитикӣ, аз ҷумла амнияти роҳҳои интиқоли он ва вазъи амниятӣ дар кишварҳои содиркунандаи нафт, низ ба қимати нафт таъсир доранд.
Аммо ба бовари Одейн Аҷумагобия, вазири нафти Нигерия, сабаби аслии болоравии ҷории нархи нафт танҳо сустии доллари амрикоист.
Ин ҳам дар ҳолест, ки муддатҳо боз ОПЕК нархи нафтро бо доллар муайян мекунад. Аммо дар айни ҳол, ки доллар дар тӯли чанд соли ахир заифтар шудааст, ба бовари коршиносони соҳа, қимати нафт бояд ақаллан боло равад.
Раисиҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш рӯзи сешанбе гуфт, ки талоши ОПЕК ҷиҳати ҳифзи нархи баланди нафт иштибоҳ аст: “Ман бар ин ақидаам, ки шумо иштибоҳ мекунед, чунки дар натиҷаи нархи баланди манобеъи энержӣ шумо пешрафти иқтисоди бузургтарин муштариатонро заиф мекунед ё дигар хел гӯем, иқтисоди бузургтарин муштарии шумо заифтар мешавад. Манзурам ин аст, ки мо баъзе мушкилиҳо дар бозори манзил ва бозори вомҳо дорем, ки ба сустшавии пешрафти иқтисодӣ таъсир дорад”. Ҷорҷ Буш ҳамчунин гуфт, ки Амрико бояд вобастагиаш аз нафтро коҳиш диҳад.
XS
SM
MD
LG