Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти сулҳи Ховари Миёнаро аз сар мегиранд


Исроилиҳо ва фаластиниҳо тааҳҳуд кардаанд, музокироти сулҳро дар ҳамин ҳафта аз сар бигиранд. Вале ин пешрафт ҳамчунон вобастаи вазъи хушунатомез дар навори Ғаза боқӣ мемонад. Рӯзи чоршанбе ду ҷониб таҳти фишори вазири хориҷаи Амрико Кондолиза Райс ба шурӯъи дубораи музокирот розӣ шуданд.

Фаластиниҳо ба нишони эътироз ба амалиёти низомии Исроил дар навори Ғаза, ки беш аз 125 кушта бар ҷой гузошт, аз музокирот хориҷ шуданд. Баъд аз 5 рӯзи амалиёт сарвазири Исроил Эҳуд Олмерт дар бораи омодагиаш ба қатъи ҳамалот аломат додааст. Раҳбари ташкилоти худгардони Фаластин Маҳмуд Аббос гуфтааст, то замони истиқрори оташбас дар Ғаза ӯ ба сари мизи музокирот барнахоҳад гашт.

Навори Ғаза феълан таҳти назорати гурӯҳи Ҳамос қарор дошта, амалан ба маъмурияти Маҳмуд Аббос итоат намекунад.

XS
SM
MD
LG