Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нархи бушкаи нафт 104,8$ шуд


ОПЕК, Иттиҳодияи кишварҳои тавлидкунанда ва содиркунандаи нафт пешниҳоди раисиҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш дар бораи афзоиши мизони тавлиди нафтро қабул накард. Дар пайи ин қарор, арзиши нафт боз ҳам боло рафта, акнун нархи як бушкаи нафти хом наздик ба 105 доллар шудааст. ОПЕК гуфт, иллати афзоиши нархи нафт камбуди он нест, балки омилҳои дигаре, чун пойинравии қурби доллар ба он таъсир гузоштаанд.

Сухангӯи Кохи Сафед гуфт, Ҷорҷ Буш аз ин қарори ОПЕК изҳори таассуф мекунад. Пойин рафтани қурби доллар сармоядоронро ба харидани маҳсулоте, ки бо доллар харидуфурӯш мешавад, ташвиқ кардааст.

XS
SM
MD
LG