Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Юшенко имрӯз вориди Душанбе хоҳад шуд


Шоми имрӯз раисиҷумҳури Украина Виктор Юшенко бо як сафари расмии дурӯза вориди Душанбе мешавад. Дар ҷараёни ин сафар имзои 7 қарордод байни ду кишвар дар назар буда, қарор аст, ҳайъати Украина аз маҳалли нерӯгоҳҳои барқи обии Норак ва Сангтӯда-1-у Сангтӯда-2 низ дидан кунад.

Табодули молу коло байни Тоҷикистону Украина дар соли гузашта 61 миллион доллар ташкил додааст.

Боздиди расмии раиси ҷумҳури Украина аз Тоҷикистон қаблан ду маротиб мавқуф гузошта шуда буд.

XS
SM
MD
LG