Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳпаймоӣ дар Пули Алам


Ҳазорон нафар дар Пули Алам, маркази вилояти Луғари Афғонистон алайҳи чопи дубораи тасвирҳои танзомези паёмбари Ислом дар матбуоти Дания ва омодагиҳо ба намоиши филми коргардони ҳолландӣ Гирт Вилдерс, ки гуфта мешавад, Қуръон, китоби муқаддаси мусалмононро мавриди мазаммат қарор додааст, тазоҳурот карданд.

Тазоҳургарон парчамҳои Данияву Ҳолландро оташ зада, ва қисме акси попи Рум Бенедикти 16-ро даррондаанд.

Чандин кишвари мусалмонӣ талаб кардааст, ки филми Гирт Вилдерс ба маърази намоиш гузошта нашавад.

XS
SM
MD
LG