Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изҳори нигаронии Амрико аз вазъ дар Қаробоғ


Амрико дар робита ба задухӯрд дар вилояти ҷудоиталаби Қаробоғи кӯҳӣ изҳори нигаронӣ кардааст. Сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико Том Кейси гуфт, истиқлолияти Косово аз Сербистон барои ин сарзамини баҳсии Озарбойҷон намунаи ибрат шуда наметавонад.

Дар задухӯрде, ки рӯзи сешанбе рух дод ва ҷонибҳо дар он ҳамдигарро айбдор мекунанд, дасти кам 2 сарбози озарӣ кушта шуд. Қаробоғи кӯҳӣ, сарзамини умдатан арманинишинест, ки баъди чанд соли ҷанг дар авоили солҳои 90 худро аз Озарбойҷон мустақил эълон кардааст. Аз соли 1994 ба ин сӯ байни Озарбойҷон ва Қаробоғи кӯҳӣ оташбас амал мекунад.

XS
SM
MD
LG