Пайвандҳои дастрасӣ

Газ ба Украина баргашт


Русияву Украина эълон карданд, ки баҳси пули газро ҳалл кардаанд. Ширкатҳои "Газпром"-и Русия ва "Нафтогаз"-и Украина гуфтанд, интиқоли газ ба Украинаро, ки дар ҷараёни ин ҷанҷол 50 дарсад коҳиш ёфта буд, барқарор кардаанд. Сухангӯи "Газпром" Сергей Куприянов гуфт, баҳси масъала дар пайи як гуфтугӯи телефонии раҳбарони "Газпром" ва "Нафтогаз" ҳалл шудааст.

"Газпром" қарзи боқимондаи Украинаро 600 миллион доллар ҳисоб карда, рӯзи душанбе мизони интиқоли газ ба Украинаро 25 дарсад ва рӯзи дигараш то 50 дарсад коҳиш дод.

XS
SM
MD
LG