Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуфтугӯи динҳо кори доимӣ мешавад


Ватикан, маркази муқаддаси пайравони мазҳаби католикии дини масеҳӣ ва шахсиятҳои маъруфи исломӣ дар мавриди таъсиси гуфтугӯи расмӣ ва доим байни ин ду мазҳаб тааҳҳуд кардаанд.

Як баёнияи муштарак бо чунин мазмун дар пайи нишасти дурӯзаи намояндагони ин ду дин дар Ватикан қабул шуд. Ин баёния мегӯяд, нахустин нишасти мавсум ба “Ҳамоиши динҳои католикӣ ва Ислом” бо ҷалби 24 намояндагӣ аз ҳар ду мазҳаб аз ҳисоби донишмандон ва раҳбарони динӣ дар моҳи ноябри соли ҷорӣ дар Рум баргузор хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG