Ширкати давлатии Газпроми Русия изҳор намуд, ки содироти гази табиӣ ба Украинаро пурра барқарор мекунад. Ҳамин тариқ, ба гуфти манбаъҳои русӣ баҳси серӯзаи пардохти қарзи Украина ба Русия ҳал шудаву содироти гази табиӣ ба ин кишвар, ки се рӯз инҷониб маҳдуд гардида буд, бидуни маҳдудият идома меёбад.