Пайвандҳои дастрасӣ

OPEC истихроҷи нафтро афзоиш намедиҳад


Гурӯҳи кишварҳои содиркунандаи нафт(OPEC) мегӯяд, сарфи назар аз болоравии рекордии нарх истихроҷи нафтро тағйир намедиҳад.
Рӯзи сешанбе Вашингтон аз OPEC дархост намуд, таъсири манфии нархи баланд ба иқтисоди ИМА-ро баррасӣ намояд. Вале дар ҷаласаи вазирони нафти кишварҳои содиркунанда дар шаҳри Вена таъкид шуд, ки болоравии нархи нафт омилҳои дигар дорад. Аз ҷумла вазирон заъфи доллари Амрикоро хотирнишон намуданд. Рӯзи душанбе нархи як баррел нафти хом ба 104 доллари Амрико наздик шуд.
XS
SM
MD
LG