Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Либоси исломӣ ва либоси ғайриисломӣ


Саҳнае аз намоишгоҳи мӯди либосҳои исломӣ дар Теҳрон
Саҳнае аз намоишгоҳи мӯди либосҳои исломӣ дар Теҳрон

Алӣ Муҳаммад, ё тавре худаш мегӯяд, Алӣ M (Эм) пули зиёди худро сарфи либосҳои муди нав, ороиши мӯй ва кремҳои гаронбаҳои ҳифзи пӯст сарф мекардааст. Алӣ Эм танҳо як нафар аз ҳазорон нафар дар Эрон аст, ки шеваи либоспӯширо на танҳо як воситаи қаноатмандии хеш, балки як навъи эътироз ба зидди меъёри либоси исломӣ дар Эрон интихоб кардааст.

Зимни мусоҳибаи телефонӣ Алӣ Эм гуфт, чанд дақиқа пеш аз мусоҳиба ороиши мӯи сар ва ҳатто абрувонашро низ тағйир додааст. Ҳарчанд Алӣ Эм ҳазл мекард, аммо ифтихор дар садояш эҳсос мешуд.

Дар Эрон бар асоси меъёрҳои исломӣ занону мардон бояд хоксорона либос пушанд. Касе ин муқарраротро риоят намекунад, ҷазо мегирад, яъне ё боздошт мешавад, ё ҷарима месупорад ва ё ҳатто ба зиндон андохта мешавад.

Дар ҳафтаҳои ахир пулиси ахлоқи Эрон талошҳои риояти муқаррароти пушидани либосро шиддат бахшид, ки бар асоси ин муқаррарот хонумон бояд ҳиҷоб ва ё рӯсарӣ дошта бошанд ва мардон куртаи остинкутоҳ напушанд. Ба мардон иҷоза нест, ки мӯи сари худро мисли ҷавонони ғарбӣ ороиш диҳанд ва ё абрувонашонро бичинанд.

Ҳарчанд маъмурони пулис чунин афроди ба истилоҳ қонуншиканро зуд-зуд боздошт мекунанд, аммо Алӣ Эм мегӯяд, ки парвои пулисро надорад. Ба гуфтаи вай, мисли ӯ миллионҳо нафар ҳастанд, ки бо пайравӣ аз мӯдҳои нави байналмилалӣ, ки дар телевизионҳо, маҷаллаҳо мебинанд, либос мепушанд. Алӣ Эм мегӯяд, ки ӯ ва эрониёни дигарпӯш ҳарчанд дар маъзари омм хоксорона либос мепушанд, аммо дар ҷамъомадҳои хусусӣ достон тамоман дигар аст ва ҳама мудҳои ахирро бар бар мекунанд.

Дар Теҳрон фурушгоҳҳои зиёди либосҳои қимматбаҳоро метавон дид, ки ҳатто либосҳои пушиданашон мамнӯъ дар Эрон низ ба фуруш гузошта шудааст. Ва ин либосҳо харидори зиёд ҳам доранд. Баъзе аз бонувони эронӣ мегӯянд, ки онҳо дар пӯшидани либос зиндагии дугуна доранд, яъне дар ҷойи кор он чиро мепушанд, ки мақомот мехоҳанд ва дар хона ва ё ҷамъомадҳои хусусӣ он чиро ба бар мекунанд, ки дилашон мехоҳад, яъне либосҳои беостин ва шимҳои тангро низ.

Эраҷ Ҷамшедӣ, хабарнигори мустақили эронӣ мегӯяд, ки дахолати мақомот ба зиндагии хусусии мардум, ба хусус шаҳриён онҳоро ба танг овардааст ва аз ин сабаб онҳо муқаррароти расмиро нодида мегиранд.

Нилуфари 23-соларо барои пушидани либоси нодуруст маъмурони пулис боздошт карда ва баъди омадани волидону овардани либоси дуруст аз боздоштгоҳ раҳо кардаанд. Ӯ мегуяд, ки бо вуҷуди ин тарсе ҳам надорад ва ҳамон рафторашро идома медиҳад.

Эраҷ Ҷамшедӣ мегӯяд, талоши мақомот барои риояти муқаррароти либоспушӣ як бахши саъйи ҳукумат барои идораи ҷомеа аст. Ба гуфтаи вай, авзоъ дар Эрон содда нест ва бо ҳар баҳонаи хурде ошӯбҳои иҷтимоӣ метавонанд сар зананд. Аз ин рӯ, ба гуфтаи Эраҷ Ҷамшедӣ, мақомоти Эрон мехоҳанд, зиндагии мардумро дар чанги худ сахттар нигаҳ доранд.

XS
SM
MD
LG