Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Растании заҳролуд дар киштзорҳои Эрон


Муассисаи озуқа ва кишоварзии СММ (FAO) мегӯяд, як растании заҳролуд ё худ қорчи гандум, ки қаблан дар Африқои шарқӣ ва Яман ба мушоҳида расида буд, дар Эрон тавсеа ёфта, метавонад ба соҳаи кишоварзии Осиёи Марказӣ низ зиён орад. Ин решаи заҳролуд ва ё fungus қодир ба маҳви комили киштзорҳо буда, аксари навъҳои ғаллаи Осиёи Марказӣ онро мепазиранд.
Имрӯз муассисаи озуқа ва кишоварзии СММ изҳороте пахш намуда, иброз дошт, ки ҳузури қорчи гандумӣ дар киштзорҳои ғарби Эрон тасдиқ шудааст, ки мояи нигаронии гандумпарварони Афғонистон, Туркманистон, Узбакистон, Қазоқистон, Ҳиндустон ва Покистон мебошад.
XS
SM
MD
LG