Пайвандҳои дастрасӣ

Сарбозони амрикоӣ ба Узбакистон бармегарданд?


Роберт Саймонс фиристодаи паймони Нато дар Қафқоз ва Осиёи Марказӣ мегӯяд, Узбакистон тақдими иҷозат ба истифодаи бештари пойгоҳи низомии ин кишвар аз тарафи сарбозони паймони Наторо арзёбӣ дорад. Олмон пойгоҳи низомии назди шаҳри Тирмизи Узбакистонро барои интиқоли ниёзмандиҳои сарбозони паймони Нато дар Афғонистон истифода мебарад.
Ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигорон дар шаҳри Маскав Саймонс гуфт, "то ҷое ман мефаҳмам, ИМА истифодаи ин пойгоҳро шурӯъ мекунад."
Замоне, ки ИМА ҷанг бо террорро эълон намуд, Узбакистон ба эътилофи зери раҳбарии ИМА шомил шуда, пойгоҳи ҳавоии Хонободи ин кишварро дар ихтиёри нерӯҳои амрикоӣ қарор дод. Вале соли 2005-ум дар паи маҳкум намудани таъқиби гирдиҳамоиҳои шаҳри Андиҷон аз тарафи мамолики ғарбӣ мақомоти Тошканд ИМА-ро аз истифодаи пойгоҳ маҳрум карданд.
XS
SM
MD
LG