Пайвандҳои дастрасӣ

Истеҳсоли афюн дар Афғонистон афзоиш меёбад


Соли 2007-ум афзоиши истеҳсоли афюн дар Афғонистон идома ёфта, сарфи назар аз талошҳои саросарии таваққуфи он ба "мизони хатарбор" расид. Шӯрои назорати маводи мухаддири назди СММ дар гузориши солонааш таъкид кардааст, ки соли гузашта нисбат ба соли 2006-ум 34% бештар афюн истеҳсол шуд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳосили соли 2006-ум рекордӣ ба шумор мерафт.
Афғонистон бузургтарин истеҳсолкунандаи афюн дар саросари олам аст. 93% афюни олам дар ҳамин кишвар тавлид мешавад. Ҳероинро аз афюн истихроҷ мекунанд.
XS
SM
MD
LG