Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон мегӯяд, ки бо ИМА амнияти Ироқро баҳс мекунад


Хабаргузории Исно-и Эрон иттилоъ медиҳад, ки 6-уми март дар Бағдод дар даври 4-уми музокироти таҳкими амнияти Ироқ ҳайъатҳои Эрону ИМА мулоқот хоҳанд кард.
Раиси ҳайъати Эрон Ризо Амирӣ Муқаддам ба хабаргузории Исно гуфтааст, ки дар музокирот коршиносони эронӣ, амрикоӣ ва ироқӣ ҳузур хоҳанд дошт.
То ҳанӯз ИМА дар ин бора чизе нагуфтааст. Ҳафтаи равон дар ҷараёни аввалин сафари президенти Эрон ба Ироқ президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод бо раҳбарони ин кишвар дидору гуфтугӯ дошт.
XS
SM
MD
LG