Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аббос: Аз аввал оташбас дар Ғазза, баъд музокирот!


Раҳбари идораи мухтори фаластиниҳо Маҳмуд Аббос мегӯяд, то замоне, ки дар минтақаи Ғаззаи зери назорати Ҳамос оташбас ҳосил нашавад, ӯ бо исроилиҳо сари мизи музокирот сулҳ нахоҳад нишаст. Ин изҳороти Аббос баъди сӯҳбат бо котиби давлатии ИМА хонум Кондолиза Райс пахш шуд. Райс барои хатми хушунат миёни исроилиҳову фаластиниҳо ба Ховари миёна рафтааст.
Ҳафтаи равон силсилаи ҳамлаҳои ҳавоии Исроил болои Ғазза ҳаёти камаш 125 нафарро аз байн бурда, музокироти сулҳи Исроилу фаластиниҳоро бо бунбаст мувоҷеҳ намуд.
Аз моҳи июни соли 2007-ум созмони исломии Ҳамос ҷонибдорони Аббосро аз сари қудрат дур намуда, назорати минтақаи Ғаззаро бар дӯш гирифтааст.
XS
SM
MD
LG