Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия – Укроин: дӯстӣ – дӯстӣ, тиҷорат – тиҷорат


Дафтари марказии "Газпром" дар Маскав: "Вақт рафт - нақд рафт"
Дафтари марказии "Газпром" дар Маскав: "Вақт рафт - нақд рафт"

Баҳсу баррасиҳо сари пардохти пули газ миёни Русияву Укроин таваҷҷӯҳи нашрияҳои ғарбии чопи 4-уми мартро ба худ кашидааст.

Рӯзномаи суисии «LeTemps» менависад, агар Русия бомдоди рӯзи душанбеи 3-вуми март бо раиси ҷумҳури наваш аз хоб бедор шуд, Укроин ин субҳ чашм кушоду шоҳиди он гардид, ки ҳаҷми газ дар лӯлаҳои газгузараш то 50 дарсад коҳиш ёфтааст.
«Газпром»-и Русия ҷониби Укроинро дигарбора ба напардохтани қарзи ҷамъшудааш аз ин ширкат муттаҳам кард, ҳарчанд Укроин иддаъо мекунад, ки бахши аъзами қарзи худро пардохт намудааст.
«LeTemps» аз қавли аъзои Иттиҳодияи Аврупо менависад, Укроин тавони муқобилаи мудовим ба фишорҳои Русияро надорад ва мешавад гуфт, ки дар ин танишҳо ҳамакнун мағлуб шудааст. Нашрия менигорад, ки Дмитрий Медведев, раиси тозаинтихоби Русия, низ, ба эҳтимоли қавӣ, чун «устодаш Путин» дар ин масъала азхудгузарӣ нахоҳад кард. «Замоне, ки Русия ба ҳамсоякишвари худ ба хотири пояндагии дӯстияш, ба истилоҳ, «туҳфаҳои тиҷоратӣ» мекард, поён ёфт. Ба ин «инқилобҳои рангаи Укроин», ки бо вуҷуди мухолифатҳои Кремлин, ин кишварро ба сӯи Ғарб моил кард, сабаб шудааст», - хулоса мекунад нашрияи швейсарӣ.
Рӯзномаи русии «Новые известия» аз қавли мақомоти «Нефтогаз»-и Укроин менависад, пас аз коҳиши интиқоли гази русӣ ба ин кишвар, ширкати мазкур аз ҷониби ширкати русии «Газпром» лоиҳаи нави қарордоди рушди муносибот дар соҳаи газро дарёфт кардааст. Аммо «Нефтогаз» ва «Газпром» ҷузъиёти омада дар созишномаи ҷадидро ироъа намекунанд.
Нашрияи дигари русии «Коммерсантъ» дар навбати худ менависад, лоиҳаи якуми ин созишнома се ҳафта қабл дар пайи дидору мулоқоти руасои ҷамоҳири Укроину Русия таҳия шудааст. «Газпром» аз «Нефтогаз» тақозо кард, то 14-уми март тамомии қарзи якуним миллиард долларии худро ҳисобӣ кунад, аммо Укроин танҳо ба қарзи 1 миллиардиаш қоил шуда ва мегӯяд, наздики 80 дарсади онро бозгардонидааст.
Ба андешаи коршиносони рӯзномаи русии «Независимая газета», Укроин ба маҳдудиятҳои таҳвили гази русӣ танҳо то ду моҳ метавонад тоб оварад ва, билохира, ба ҳар шарти «Газпром» розӣ хоҳад шуд. Укроин манобеъи дигари хариди газро нахоҳад ҷуст. Усулан кишварҳои Осиёи марказӣ метавонанд гази худро ба Укроин содир намоянд, аммо тақрибан тамоми ин сӯзишвории Осиёи Марказиро низ ширкати русии «Газпром» ихтиёрдорӣ мекунад.
Ва рӯзномаи «Российская газета» менависад, коҳиши интиқоли гази русӣ ба Укроин ба иқтисоди ин кишвар таъсири чандон нахоҳад расонид, чун ширкати «Нефтогаз»-и Укроин қавл додааст, ки мизоҷонаш бегаз намемонанд ва ҷиҳати гурез аз қатъи фаъъолияти корхонаҳо ширкати мазкур ба интиқоли газ аз захоири дохилӣ шурӯъ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG