Пайвандҳои дастрасӣ

Кӣ номзади ҳизби демократи Амрико хоҳад шуд?


Б. Обама ва Ҳ. Клинтон ҳангоми баҳси мустақими телевизионӣ дар CNN

Б. Обама ва Ҳ. Клинтон ҳангоми баҳси мустақими телевизионӣ дар CNN

Интихоботи қаблии номзадҳо ба раёсатҷумҳурии ИМА ба марҳилаи ниҳоӣ ворид мегардад. Ва рақобат дар Ҳизби демократ шадидтар мешавад.

Бо вуҷуди он ки сенатор Ҳилларӣ Клинтон дар 11 раъйгирии қаблии ҳизби демократ мағлуб гашт, ӯ бовар дорад, ки сабқати аслӣ дар пеш аст ва фурсати мувофиқ барои пирӯзии вай акнун расидааст.
Раъйгирӣ дар айолатҳои Оҳайо, Тексас, Род-Айленд ва Вермонт доир мешавад, аммо тамаркуз бештар рӯи ду айолати бузургтарин – Оҳайё ва Тексас – буда, довталабон низ асосан барои ғалаба дар ҳамин ду аёлат кӯшишҳои бештар ба харҷ додаанд. Пирӯзӣ дар раъйгириҳои 4-уми март, ба хусус барои собиқ хонуми аввал Ҳилларӣ Клинтон зарур аст, зеро ӯ ҳамаи 11 раъйгириеро, ки таййи 1 моҳи гузашта доир шуда буд, бар рақибаш Барак Обама бохта буд. Бидуни ин пирузӣ хонум Клинтон қариб ҳамаи шонсҳояш барои расиҷумҳури кишвар шуданро аз даст хоҳад дод.
Дирӯз вай ба хабарнигорон изҳор намуд, ки акнун худро барои мубориза гарм кардааст. Шавҳари Ҳилларӣ – раисиҷумҳури собиқи ИМА Бил Клинтон низ гуфтааст, ки барои идомаи мубориза Ҳилларӣ бояд ҳам дар Оҳайо ва ҳам дар Тексас дастболо шавад.
Дар маҷмуъ ин чор айолат 370 вакил доранд ва барои пирӯзии комил миёни номзадҳои ҳизби демократ ҷонибдории 2025 вакил зарур аст. Дар айни ҳол сенатор Барак Обама раъйи 1392 вакил ва Ҳилларӣ Клинтон райи 1279 вакилро касб намудаанд. Дар пешорӯи раъйгириҳо хонум Клинтон гуфт, ки барои ғалаба дар сабқати ҳизби демократ айолати Оҳайо нуқтаи калидист ва ӯ дар як ҳолати пур аз ҳаяҷон қарор дорад. Клинтон, ба пирӯзии худ дар Оҳайо изҳори итминон карда, гуфт, ӯ тоза дар фикри раъйгириҳои айолати Пенсилвания мебошад, ки қарор аст рӯзи 22-вуми апрел доир шаванд.
Аммо итминони рақибаш Барак Обама ба пирӯзии худ камтар аз хонум Клинтон нест. Ҳанӯзи шаҳди пирӯзӣ дар ҳамаи 11 раъйгирии ахир аз коми Обама нарафтааст ва ин умедвории ӯ ба пирӯзии ниҳоиро хеле бештар кардааст.
Ба ҳар сурат, шонси ҳарду довталаби номзадӣ аз ҳизби демократ то ҳоли ҳозир тақрибан баробар боқӣ мемонад ва дар остонаи раъйгириҳои муқаддамотӣ ҳар дуи онҳо ҷонибдорони худро итминони хотир медоданд, ки фикри шикаст ҳатто аз гӯшаи хиёлашон намегузарад.
Дар ҳоле ки корзори довталабони ҳизби демократ ҳамчунон гарму доғ ҷараён дорад, ба назар мерасад, ки Ҳизби ҷумҳурихоҳ интихобашро аллакай кардааст. Тақрибан ҳамаи шореҳон бар инанд, ки сенатор Ҷон Маккейн рақибаш волии собиқи айолати Арканзас Майк Ҳаккабиро дар ҳамаи чор айолат ба осонӣ шикаст дода, номзади ниҳоии ҳизбаш ба мақоми раёсатҷумҳурӣ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG