Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пирӯзии МакКейн ниҳоӣ шуд


Раъйгирии муқаддамотӣ ба хотири таъйини номзадҳо аз аҳзоби ҷумҳурихоҳ ва демократ барои ширкат дар интихоботи раёсатҷумҳурии моҳи ноябр дар 4 аёлати Амрико – Тексас, Оҳайо, Вермонт ва Род-Айленд сурат гирифт. Бино бар охирин хабарҳо, дар корзори ҷумҳурихоҳон дар Тексас сенатор Ҷон МакКейн ғолиб омада, ба ин тартиб, ҳаққи номзадӣ аз ин ҳизбро ба даст овардааст. МакКейн дар пайи аз идомаи мубориза даст кашидани рақибони аслиаш довталаби умдаи ҷумҳурихоҳон шинохта мешуд, вале танҳо рақиби боқимондааш волии собиқи аёлати Арканзай Майк Ҳакаби бо вуҷуди шикастҳои пайдарпай то ҳол ба муборизаи худ идома медод ва танҳо имрӯз эълон кард, ки аз сабқат хориҷ мешавад.

Натоиҷи муқаддамотии раъйгирии довталабон аз ҳизби демократ то ҳол танҳо дар 2 аёлати Род -Айленд ва Вермонт маълум шудааст ва мегӯяд, раъйгирӣ дар Вермонт ба нафъи Барак Обама ва дар Род-Айленд ба фоидаи Ҳиллари Клинтон анҷом ёфтааст. Вале таваҷҷӯҳи ин ду довталаб бештар рӯи натоиҷи раъйгириҳо дар аёлатҳои бузургтари Тексас ва Оҳайост.

XS
SM
MD
LG