Пайвандҳои дастрасӣ

Райс бо Аббос мулоқот кард


Вазири хориҷаи Амрико Кондолиза Райс, ки дар Ховари Миёна қарор дорад, дар Ромуллоҳ бо раҳбари ташкилоти худгардони Фаластин Маҳмуд Аббос мулоқот кардааст.

Аммо бону Райс натавонистааст Маҳмуд Аббосро ба таъйини як таърихи мушаххаси азсаргирии музокироти байни Исроил ва фаластиниҳо мутақоид созад. Фаластиниҳо рӯзи якшанбе ба нишони эътироз ба амалиёти низомии Исроил дар навори Ғаза, ки пурқурбонитарин хушунати байни ҷонибҳо дар чандин соли гузашта маҳсуб мешавад, ширкати худ дар музокиротро қатъ карданд.

Дар ҳамин ҳол, нирӯҳои Исроил таҳти ҳимояти чархболҳо шоми сешанбе дигарбора вориди навори Ғаза шудаанд.
XS
SM
MD
LG