Пайвандҳои дастрасӣ

Кочариён музокирот бо мухолифинро радд кард


Раисиҷумҳури Арманистон Роберт Кочариён даъватҳои байналмилалӣ дар бораи музокирот бо мухолифини давлаташро радд карда, гуфтааст, масъулияти ошӯбҳои ахир, ки мунҷар ба ҳалокати 8 нафар шуд, бар дӯши онҳост.

Кочариён дар пайи ошӯбҳои шаби шанбе дар Ереван вазъи фавқулодда ҷорӣ кард. Вазъ дар Арманистон ба дунболи интихоботи рӯзи 19 феврали раёсати ин ҷумҳурӣ ба ташаннуҷ печид. Мухолифин ба эътироз бархоста, гуфтанд, натоиҷи интихобот ба хотири таъмини пирӯзии сарвазир Серж Саркисиён хилофкорӣ шудааст. Бо иттиҳоми даст доштан дар ошӯбҳои Ереван то ҳол 30 нафар боздошт шудаанд. Парлумони Арманистон ҳаққи масунияти 4 вакили тарафдори мухолифинро лағв карда, боздошти онҳоро иҷозат додааст.

XS
SM
MD
LG