Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози вакилони афғон ба матбуоти Дания


Беш аз 200 узви парлумони Афғонистон дар ҳавлии сохтмони парлумон алайҳи чопи дубораи тасвирҳои танзомези паёмбари Ислом дар матбуоти Дания ва омодагиҳо ба намоиши филми ҳолландие, ки аз ислом интиқод мекунад, ташкили раҳпаймоии эътирозӣ кардаанд.

Аъзои парлумони Афғонистон “Марг ба душманони Ислом!” гуфта, шиор мезаданд ва аз давлатҳои Дания ва Ҳолланд даъват карданд, аз чунин иқдомоти тавҳиномез алайҳи дини Ислом ҷилавгирӣ кунанд.

Рӯзи якшанбе дар шаҳри Мазори Шарифи Афғонистон дар чунин як тазоҳуроти эътирози ҳудуди 700 нафар ширкат дошт.

XS
SM
MD
LG