Пайвандҳои дастрасӣ

Русия лӯлаи гази Украинаро акнун 50% маҳкам кард


Таниши байни Русияву Украина бар сари пули газ амиқтар мешавад. Ширкати “Газпром”-и Русия гуфт, интиқоли газ ба Украинаро 50 дарсад коҳиш додааст. Сухангӯи ин ширкат Сергей Куприянов гуфт, дар ғайри сурати аз сар гирифтани музокироти масъалаи пардохти қарзи Украина, “Газпром” мизони интиқоли газ ба он кишварро боз ҳам коҳиш хоҳад дод. Вай гуфт, ин тасмим ба мизони интиқоли газ ба дигар кишварҳои Аврупо таъсире нахоҳад гузошт.

Аммо ожонси байналмилалии энержӣ ин иқдоми Русияро “беш аз андоза тунд” хонда, аз ҳарду кишвар даъват кардааст, роҳи ҳалли баҳси пешомадаро пайдо кунанд.

XS
SM
MD
LG