Раъйгирии муқаддамотӣ ба хотири таъйини номзадҳо аз аҳзоби ҷумҳурихоҳ ва демократ барои ширкат дар интихоботи раёсатҷумҳурии моҳи ноябр дар ин соатҳо дар 4 аёлати Амрико – Тексас, Оҳайо, Вермонт ва Род-Айленд ҷараён дорад. Дар корзори ҷумҳурихоҳон сенатор Ҷон МакКейн бартарии назаррасеро соҳиб шудааст.
Вале дар корзори демократҳо таваҷҷӯҳи бештар рӯи раъйгириҳои муқаддамотӣ дар 2 аёлати бузургтари Тексас ва Оҳайо буда, ба довталаби номзадӣ аз ҳизби демократ Ҳиллари Клинтон лозим аст, ба хотири ҳифзи шонси идомаи мубориза бар рақибаш Барак Обама баранда шавад.
Назарсанҷиҳои анҷомшуда шонси ҳардуро дар ин 2 аёлат тақрибан баробар дарёфтаанд.
Барак Обама, ки 11 раъйгирии ахирро бурдааст, ба пирӯзиаш мутмаин аст. Вале Ҳиллари Клинтон ҳам гуфта, ки маъракаи пешазинтихоботии ӯ акнун гарм шудааст.