Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳинд ба Тоҷикистон 2 миллион $ кӯмак мекунад


Ҳиндустон гуфтааст, барои рафъи бӯҳрони энержию пайомадҳои пурзиёни сармои зимистон дар Тоҷикистон ба андозаи 2 миллион доллари амрикоӣ кӯмакҳои оҷил ихтисос хоҳад дод. Аз ин миён, 1 миллион доллар мустақиман ва ба ҳамин миқдор маблағ маводди дорувор ва пироҳанҳои зимистона ва генераторҳо тақдим хоҳад шуд.

Ҳамзамон ҳукумати Ҳиндустон гуфтааст, соли равон ба бозсохти нерӯгоҳи қадими Варзоб-1 ва таҷҳизи озмоишгоҳи донишгоҳи фаннии Тоҷикистон шурӯъ хоҳад кард. Маблағи ин ду барнома беш аз 15 миллион доллар ҳисоб шудааст, ки Ҳиндустон хоҳад пардохт.

XS
SM
MD
LG