Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон таҳримотро "беарзиш" хонд


Эрон қатъномаи ахири Шӯрои Амниятро “беарзиш” ва “ғайриқобилиқабул” номидааст. Ин баёнияи сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон Муҳаммад Алӣ Ҳусайнӣ дар ҳолест, ки рӯзи душанбе Шӯрои Амният ба далели аз талаби қатъи фаъолиятҳои ғанисозии ураниум саркашӣ кардани Эрон, болои ин кишвар таҳримоти сангинтар эъмол кард.

Аммо раъйгирии қатъномаи нави ожонси байналмилалии назорати нирӯи ҳастаӣ дирӯз дар Вена ба нокомӣ анҷомид.

Бино ба хабарҳо, тарҳи ин қатънома, ки аз Эрон гузориши комил дар бораи куллия фаъолиятҳои дар гузашта ва имрӯз доштаи ҳастаияшро тақозо мекард, ба мухолифати Русияву Чин рӯбарӯ шудааст.

XS
SM
MD
LG