Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Буш ба Медведев занг задааст


Ҷорҷ Буш, раисиҷумҳури Амрико дирӯз бо Дмитрий Медведев, барандаи интихоботи раёсатҷумҳурии Русия тамоси телефонӣ доштааст.

Хабаргузориҳои русӣ гуфтанд, ки Буш Медведевро бо пирӯзӣ табрик гуфтааст. Аммо сухангӯи Кохи Сафед Дана Перино дар ин робита гуфт: “Ман намехоҳам ба ин суханбозӣ бипардозам, ки табрик кард ё накард. Мавзеъи мо дар қиболи интихоботи Русия аз пеш маълум буд ва мо нигаронии худро аз ибтидо баён карда будем. Аз ин нигоҳ, онҳо акнун президенти интихобшуда доранд. Вай рӯзи 7 май ба ифои вазифа шурӯъ мекунад. Ва ба бовари президент Буш, хеле муҳим аст, ки мо бо Русия ҳамчунон равобити хуб дошта бошем. Ин ба манфиати ҳарду кишвар аст.”

Нозирони ғарбӣ интихоботи Русияро ноозод ва ноодилона хонда, вале гуфтаанд, натоиҷи ин маърака хостҳо ва иродаи мардумро мунъакис мекард.

XS
SM
MD
LG