Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳамсояҳо аз Колумбия рӯ тофтанд


Эквадор равобити дипломатӣ бо Колумбияро қатъ кард. Дар ин бора имрӯз Рафаэл Корреа, раиси ҷумҳури Эквадор хабар дод ва афзуд, “идомаи равобит бо кишваре, ки одоб, ҳақиқат ва истиқлоли кишвари ҳамсояро поймол мекунад, ғайримумкин аст”. Венесуэла ҳам мехоҳад, ки дипломатҳояшро аз Колумбия бозхонад.

Таниш миёни Колумбия ва кишварҳои ҳамсояҳояш баъди он жарфтар шуд, ки неруҳои Колумбия дар қаламрави Эквадор алайҳи мусаллаҳони гурӯҳи чапгарои ФАРК амалиёти низомӣ доир карданд. Ошубгарони ин гурӯҳ асосан дар қаламрави Колумбия амал мекунанд ва аммо дар Эквадор ҳам чанд пойгоҳ доранд. Бар асари амалиёти неруҳои Колумбия дар Эквадор гурӯҳи ошубгарон, аз ҷумла, Рафаэл Райес, яке аз раҳбарони аршади ФАРК кушта шуданд. Намояндаи пулиси Колумбия гуфт, дар ҷараёни амалиёт компутаре мусодира шуд, ки дар он дар бораи робитаи раҳбарони Эквадор ва Венесуэла бо мусаллаҳони ФАРК иттилоъи комил мавҷуд аст.

XS
SM
MD
LG