Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Лондон ихтирооти мусалмононро намоиш медиҳанд


Як намоишгоҳе, ки дар он ихтироъоту кашфиёти олимони мусулмон дар солҳои 600 то 1600 милодӣ кардаанд, дар Лондон боз шуд. Дар ин намоишгоҳ кашфиёти олимони мусалмони Осиё, аз ҷумла донишмандони тоҷик низ ба намоиш гузошта шудааст.

Намоишгоҳи мазкур, ки “Ҳазору як кашфиёти мероси мусулмонон дар ҷаҳони мо” унвон гирифтааст, то моҳи май дар осорхонаи Кройдон дар шаҳри Лондон идома хоҳад кард.

Намоишгоҳи сайёрро ба хотири боло бурдани огаҳӣ доир ба кашфиёти олимони мусулмон дар арсаҳои илм ва фанноварӣ ифтитоҳ кардаанд. Мерӣ Веб, яке аз баргузоркунандагони намоиш мегӯяд, сели бинандагон, аз ҷумла муҳасиллин ба осорхона ҷорист, чаро ки намоишгоҳ ба таври интерактив дуруст шудааст. Мерӣ Веб мегӯяд, интерактив бад он маъно, ки шумо метавонед ба ашё даст расонед, онҳоро бардоред, бӯй кунед, метавонед анвоъи собун ва атрҳоро бӯй кунед, садои чизеро бишнавед ва ашёро ба ҳаракат дароваред....

Ба гуфтаи Мерӣ Веб, дар Ғарб аксарияти мардум роҷеъ ба кашфиёту ихтироъоте, ки олимони мусулмон ба ҷаҳониён ҳадя кардаанд, кам медонанд. Масалан, доир ба харитаи ҷаҳонии донандаи ҷуғрофиё ал-Идрисӣ, ки ӯ онро соли 1139 сохтааст. Намоишгоҳ ҳамчунин аз кашфиёти тиббие, ки олимони мусулмон дар гузашта доштанд, бой аст. Масалан, асбоби ҷарроҳие ба намоиш гузошта шудааст, ки табибон дар асри даҳ дар Бағдод пардаи чашмро ҷарроҳӣ мекарданд. Ҳамчунин, дастовардҳои ал-Заҳравӣ низ ба намоиш гузошта шудааст, ки дар асри 10 асбоби махсус барои боздоштани хуни ҷароҳат ва ҷарроҳии пластикиро ихтироъ карда буд. Китоби Абуалӣ ибн Сино, ки дар донишгоҳҳои тиббии Аврупо таълим дода мешуд, дар намоишгоҳ муаррифӣ шудааст. Тасвири офаридаи ал-Берунӣ, ситорашиноси тоҷикро низ метавон дид, ки ҳанӯз дар асри даҳ гуфта буд, Замин дар атрофи меҳвари худ давр мезанад. Хонум Мерӣ Веб ситорашиносони маъруфи дигар аз Эрони бостон, Ироқ ва Осиёи Марказиро ном бурда ва аз Улуғбек низ ёдовар мешавад.

Дар намоишгоҳ ҳамчунин акси хонуми зебое аст, ки устурлоб дар даст дорад, яъне асбоби ситорашиносии мушоҳидаи дақиқи ситораҳоро. Ин хонум, Марям ал-Устурлобӣ аст, ки соли 944 дар Сурия ба дунё омада ва аввалин зани муҳандис аст, ки мисли падараш ба сохтани устурлоб машғул буд. Соатҳои сохтаи донишмандони мусулмон низ дар намоишгоҳи Лондон муаррифӣ мешаванд. Аз ҷумла, соати донишманди маъруф ал-Ҷазрӣ, ки бо усули дақиқи ҷараёни об ва вазн кор мекунад. Ба истилоҳ, ҳавопаймоҳои ихтироъи донишмандони мусулмон низ дар намоишгоҳ гузошта шудаанд. Масалан, моделеро метавон дид, ки марде дар ҳавопаймои бемуҳаррик саъй дорад, то парвоз кунад. Инро донишманди мусулмон Аббос ибн Фарноз дар асри нӯҳ ихтироъ кардааст. Ва дар ниҳоят Мерӣ Веб ба акси Жен Ҳӣ, маллоҳи мусулмони чинӣ ишора мекунад, ки дар зарфи 28 сол 37 кишварро давр зада ва ба соҳилҳои Амрико расидааст ва киштиҳои ӯ панҷ маротиба бузургтар аз киштиҳои Христофор Колумб будаанд, ки 70 сол баъд баҳрнавардиро шурӯъ кардааст.

Хонум Мерӣ Вебб хулоса мекунад, ки намоишгоҳи дастовардҳои олимони мусулмон ба дарки беҳтари олами Ислом кӯмак мекунад.

XS
SM
MD
LG