Пайвандҳои дастрасӣ

Баъди он ки дар интихоботи раёсатҷумҳурии Русия Дмитрий Медведев пирӯз гардид, расонаҳои иттилоъотӣ ва матбуъоти хориҷӣ ба ин мавзӯъ рӯ оварданд.

Пирӯзии Д. Медведев дар интихоботи раёсатҷумҳурии Русия комилан пешгӯишаванда буд: бо инки нерӯҳои мухолифи давлат ба ин маъракаи сиёсӣ роҳ дода нашуданд ва ҳукумат дар ҷараёни интихобот мудохила кард, натоиҷи дигареро интизор шудан мантиқ надошт – чунин аст мавзӯъи асосии матбуоти ғарбӣ дар ин робита.
Бо ин вуҷуд интихоботи ахири Русия чизеро равшан накард. Аз як сӯ, Медведев сиёсатмадори ҷиддист ва эҳтимол, ба иҷрои нақши ҳокими дурӯғини Кремлин розӣ нашавад. Аз ҷониби дигар, Путин мисли пешин як шахсияти бас муассир дар Русия аст ва ӯ метавонад бо содир шудани ҷузъитар иштибоҳ аз сӯи Медведев, ӯро аз раёсати кишвар дур бикунад, - ҳушдор медиҳанд нашрияҳои ғарб.
«TheNewYorkTimes» менависад, Медведев, вориси Путин, бо касби 69 дар сади ороъ дар интихоботи раисиҷумҳури Русия дастболо шуд. Ҳанӯз шоми якшанбе Медведев пирӯзии худро ҳамроҳ бо Путин дар Майдони Сурхи Маскав, дар консерте ба ифтихори ғолибияташ, таҷлил кард. «Интихоб шудани Медведев ба ҳайси раиси ҷумҳур авҷи талошҳои Путин барои эҷоди маҳдудиятҳо ва таҳти идораи худ нигоҳ доштани ҳукумат, тиҷорат ва расонаҳои хабарии Русия аст, ки ҳанӯз 8 соли қабл шурӯъ шуда буд», - хулосаи мекунад «The New York Times».
Нашрияи фаросавии «Le Nouvel Observateur» менависад, ки интихоботи Русия тибқи одат, бо тақаллубу қонуншиканиҳо сурат гирифт, аммо худи шаҳрвандон аслан аз натоиҷи он қонеъ буданд. Вале, ба эътиқоди ин рӯзнома, андешаи ин ки Медведев минбаъд низ дастнигари Путин боқӣ монда, аз хатти кашидаи ӯ берун намеравад, хатост. «Медведев бозигари зирак дар сиёсати Русия аст, вай олигарх аст, ширкати «Газпром», яке аз сарватҳои аслии Русияро тавонист аз худ бикунад ва шояд бо ҳамин гуна, ба истилоҳ, «оромӣ» худро аз Путин канор бигирад. Ҳоло Русия шоҳиди интихоботҳои сершумор хоҳад шуд», - пешгӯӣ мекунад «Le Nouvel Observateur».
Таҳлилгар Эдвард Лукас дар саҳафоти «The Sunday Telegraph» менависад, низоми сиёсии Русия барои нозирони беруна амалан номафҳум ва норавшан боқӣ мемонад. Ҳама аз қабл медонистанд, ки дар интихоботи ахири раёсатҷумҳурии Русия кӣ пирӯз мешавад, аммо касе то ҳол дақиқан намедонад, ин чи маънӣ хоҳад дошт. Ҳоло ҳама танҳо тахмин мезананд, ки Медведев дар асл чи касест, оё вай дар ҳақиқат леберали ғарбгарост ё дастнишондаи собиқ кормандони КГБ-ст, ки мехоҳанд ба низоми кишвар рангубор диҳанд.
Аммо «The Times» дар пешгӯиҳои худ оид ба тақдири раиси ҷумҳури тозаинтихоби Русия мутмаин аст. Ба навиштаи ин нашрия, Дмитрий Медведев бо судури чанд амали ноҷо дар самтгириҳои сиёсияш Русияро мувоҷеҳ ба садама мекунад ва дар натиҷа бештар аз ҳама худаш осеб мебинад: «Медведев интихобкунандаи мустақим надорад, ӯ барои ба ин симмат баргузида шудан бояд аз, ба истилоҳ, «сарпарасташ» - Путин миннатдор шавад.
Нахуствазири собиқи Русия Михаил Касянов дар мусоҳибааш бо рӯзномаи итолиёвии «La Repubblica» интихоботи раёсатҷумҳурии кишварашро «маросими ҷанозаи демократия» номидааст. Вай гуфтааст, «Имрӯз Русия ба марҳилаи нави торики таърихӣ ворид мешавад, давлат ҳатто афкори ҷамъиятиро таҳти назорати худ гирифтааст ва агар нерӯҳои мухолифин бо истифода аз фишор вориди парлумон нагарданд, раисиҷумҳури пешини Русия ин кишварро аз авторитаризм ба сӯи тоталитаризм хоҳад кашид».
XS
SM
MD
LG