Пайвандҳои дастрасӣ

Хароҷоти низомии Чин афзоиш меёбад


Чин тасмим дорад, ки соли равон хароҷоти низомиро тақрибан 18 дар сад боло барад. Дар буҷаи нави ҳукумат ихтисоси 417 миллиард юан (беш аз 57 миллиард доллар) барои ниёзмандиҳои артиши кишвар пешбинӣ шудааст. Ин иттилоъ дар арафаи иҷлосияи Шӯро намояндагони Чин – органи олии қонунбарори кишвар нашр шуд.

Коршинсоони ғарбӣ мегӯянд, ки мақомоти Чин маълумот дар бораи хароҷоти низомиро кам нишон медиҳанд ва арқоми воқеӣ назар ба арқоми расман эълоншуда тақрибан ду ё се баробар бештар аст.

XS
SM
MD
LG