Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастаи Тоҷикистон ба даври дуввум роҳхат гирифт


Дастаи наврасони тенниси Тоҷикистон ба даври дуввуми сабқати интихобии қаҳрамонии ҷаҳон байни варзишгарони то 14-сола роҳ ёфт.

Ибод Шарифӣ, ноиби раиси Федеросиюни тенниси Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, даври аввали сабқати интихобии қаҳрамонии ҷаҳон бо ширкати теннисбозони навраси ҳафт кишвари қорраи Осиё дар Малайзиё баргузор шуд. Дастаи Тоҷикистон дар ҳайати Бахтиёр Саъдуллоев ва Абдурасул Нозиров нахуст бар тимҳои Арабистони Саъудӣ ва Покистон пирӯз гардида, дар гурӯҳи худ мақоми аввалро касб кард. Сипас дастаи Тоҷикистон дар сабқати ниманиҳоӣ тими Шри-Ланкаро бо натиҷаи 2:1 шикаст дод. Вале теннисбозони навраси тоҷик дар бозии ниҳоӣ аз дастаи Қазоқистон бо натиҷаи 1:2 мағлуб шуданд. Ва аммо, афзуд оқои Шарифӣ, бо вуҷуди бохт дар бозии ниҳоӣ, дастаи Тоҷикистон ба даври дуввуми сабқати интихобии қаҳрамонии ҷаҳон, ки аз 14-ум то 21-уми апрели соли равон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор хоҳад шуд, роҳ ёфт.

Ба гуфтаи оқои Шарифӣ, ноиби раиси Федеросиюни тенниси Тоҷикистон, дар даври дуввуми сабқати интихобии қаҳрамонии ҷаҳон дар ҳайати дастаи мунтахаби наврасони кишвар ба ҷуз Бахтиёр Саъдуллоев ва Абдурасул Нозиров, инчунин, теннисбози ҷавону моҳир Аҳмадҷони Муҳаммад, ки феълан дар шаҳри Валенсияи Испаниё тамрин мекунад, ҳунарнамоӣ хоҳад кард.

Бар асоси низомномаи ин мусобиқот, чаҳор дастаи беҳтарини қорраи Осиё, ки дар даври дуввуми сабқати интихобӣ муайян мешаванд, ба марҳалаи ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон роҳхат мегиранд.

XS
SM
MD
LG