Пайвандҳои дастрасӣ

Райс ба Ховари Миёна сафар мекунад


Вазири хориҷаи Амрико Кондолиза Райс аз Исроил ва фаластиниҳо даъват кард, музокироти таҳти пуштибонии Амрикоро аз сар бигиранд. Фаластиниҳо ширкати худ дар ин музокиротро ба нишони эътироз ба амалиёти низомии Исроил дар навори Ғаза, ки беш аз 100 фаластиниро кушта бар ҷой гузошт, мутаваққиф карданд.

Бону Райс, ки имрӯз сафараш ба Исроил ва сарзаминҳои фаластинии каронаи бохтарии рӯди Урдунро оғоз мекунад, гуфт, бо вуҷуди хушунатҳо, ӯ бовар дорад, ки дар сурати хоҳиши ҳамаи ҷонибҳо исроилиҳо ва фаластиниҳо метавонанд то поёни соли ҷорӣ ба созишномаи сулҳ даст биёбанд.

Кондолиза Райс тақозои кадом як оташбаси хосе накард, вале ба хатми задухӯрдҳо даъват кард ва гуфт, ҷангиёни Ҳамос бояд мушакандозии шаҳрҳои Исроил аз навори Ғазаро қатъ кунанд. Исроил мегӯяд, амалиёти низомиаш дар навори Ғаза қатъи мушакандозии ҷангиёнро ба ҳадаф дорад.

XS
SM
MD
LG