Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии Клинтон ва Обама ба сабқати нав


Имрӯз дар 4 аёлати Оҳайо, Тексас, Вермонт ва Род Айлэнди Амрико раъйгириҳои муқаддамотӣ ба хотири таъйини номзадҳои аҳзоби демократ ва ҷумҳурихоҳ ба интихоботи раёсати ин ҷумҳурӣ, ки ба моҳи ноябр муқаррар шудааст, доир мешаванд. Интизор меравад, ки сенатор Ҷон МакКейн рақибаш Майк Ҳаккабиро дар ҳамаи ин 4 аёлат шикаст дода, шонси пирӯзиаш дар сабқат барои дарёфти мақоми номзади ҳизби ҷумҳурихоҳро боз ҳам тақвият диҳад.

Аммо дар сангари демократҳо шонсҳои Ҳиллари Клинтон ва Барак Обама тақрибан баробар боқӣ мемонанд. Обама 11 раъйгирии ахирро бурдааст ва ин бор ба Ҳиллари Клинтон лозим аст, ба хотири ҳифзи шонси пирӯзӣ дасти кам дар 2 аёлати бузургтари Тексас ва Оҳайо бар рақиби худ баранда шавад.

XS
SM
MD
LG