Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико бо Медведев ҳамкорӣ карданист.


Натоиҷи тақрибан такмилшудаи интихоботи раёсатҷумҳурии Русия ҳокист, ки Дмитрий Медведев беш аз 70 дарсади оро ба даст овардааст. Номзади коммунистҳо Геннадий Зюганов бо наздики 18 ва номзади ҳизби либерал-демократ Владимир Жириновский бо 9 дарсад дар сабқати номзадҳо ду мақоми баъдиро ишғол кардаанд.
Сухангӯи Кохи Сафед гуфт, Вошингтон қасд дорад бо Медведев ҳамкорӣ кунад. Том Кейси, муовини сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико гуфтааст, Амрико умедвор аст, ки ҳамкориҳои танготангаш бо Маскав дар соҳоти муҳим дар аҳди Медведев низ идома хоҳанд ёфт. Аммо вай афзуда, ки президент Ҷорҷ Буш ва вазири хориҷа Кондолиза Райс дар бораи вазъи демократия дар Русия изҳори нигаронӣ мекарданд, вале интихоботи рӯзи якшанбе натавонист ин нигарониҳоро аз байн бубарад. Аммо Андреас Гросс, раҳбари ҳайъати нозирони Шӯрои Аврупо, танҳо ҳайъати нозирони ғарбӣ, ки бар интихоботи Русия назорат мебурд, ин интихоботро ғайриодилона хонда, танқид кардааст. Рӯзи душанбе нирӯҳои милиса дар Маскав даҳҳо тан аз фаъолони мухолифинро, ки алайҳи пирӯзии Медведев ташкили намоиши эътирозӣ карда буданд, боздошт кард.

XS
SM
MD
LG