Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Юшенко ба Тоҷикистон меояд


Раисиҷумҳури Украина Виктор Юшенко рӯзи панҷшанбеи 6-уми март аз Тоҷикистон боздиди расмӣ ба амал меорад. Дар аснои боздиди дурӯзаи худ Юшенко бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқоти тет-а-тет анҷом хоҳад дод. Дар пайи гуфтушуниди ҳайатҳои ҳукумати Тоҷикистону Укроин тасвиби чанд санади байнидавлатӣ ва нишасти хабарии руасои ҳарду ҷумҳур дар назар будааст.

Боздиди расмии раисиҷумҳури Украина аз Тоҷикистон қаблан ду маротиба мавқуф гузошта шуда буд. Бори аввал Юшенкоро дар Душанбе дар авоили моҳи ноябр интизор буданд, аммо ин боздид, бинобар авзоъи ноороми он рӯзҳо дар Киев ба таъхир андохта шуд. Бори дуввум раисиҷумҳури Украина сафари худ ба Тоҷикистонро дар авохири ноябр мавқуф гузошт.

XS
SM
MD
LG