Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исроил аз Навори Ғазза хориҷ шуд


Исроил баъд аз чанд рӯзи ҷанг дар Навори Ғазза, ки ба кушта шудани 100 фаластинӣ мунҷар шуд, нерӯҳои худро аз ин қаламрав ақиб кашид. Исломгароёни Ҳамас, ки Ғаззаро назорат мекунанд, эълони пирӯзӣ карданд ва шиор заданд, ки мушакборони Исроилро идом ахоҳанд дод. Ноиби сарвазири Исроил, Ҳайим Рамон гуфт, амалиёти панҷрӯза боарзиш буд ва даҳҳо террористи Ҳамасро ба ҳалокат расонда, аз мушакандозиҳои оянда пешгирӣ мекунад. Аммо сарвазир, Эҳуд Олмурт, ба аъзои порлумон гуфт, эҳтимолан ба зидди ошӯбгарони фаластинӣ амалиёти нав роҳандозӣ кунад.
XS
SM
MD
LG