Пайвандҳои дастрасӣ

Зарбаи ҳавоии Амрико ба Сомалӣ


Вазорати дифоъи Иёлоти Муттаҳида мегӯяд, бо ҳадаф гирифтани гумонбарони терроризм ба як шаҳраки Сомалӣ, ки зери назорати исломгароён аст, аз ҳаво зарба задааст. Сухангӯи Пентагон Брайан Витман гуфт, ин ҳамла рӯзи якшанбеи дувуми март анҷом дода шуд. Аммо вай беш аз ин тафсилоте надод. Мардуми маҳаллӣ мегӯянд, як хона дар шаҳраки хурди марзи Сомалӣ ва Кения тахриб шуда, чанд нафар, аз ҷумла кудакон, захмӣ гаштаанд. Маълум нест, оё ҳамин бино ҳадаф карор дошт ё бинои дигар.
XS
SM
MD
LG