Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии занон


Бонувони тоҷик иди худро дар чӣ вазъе пешвоз мегиранд? Оё Рӯзи байнулмилалии занон ба ҷомеъаи тоҷик эҳтиром ва арҷгузорӣ ба модар, ҳамсар, хоҳар ва ҳамкору шарикдарсро омӯзондааст?

Баробарии зану мард дар Тоҷикистон воқеъист ё зоҳирӣ? Ин мавзӯъҳо бахши меҳварии барномаи вижаи моро ба муносибати Рӯзи байнулмилалии занон ташкил хоҳанд дод.

Дар идомаи он ҳамчунин ба рӯзгор ва ормони занон дар Эрону Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ низ хоҳем пардохт.

Фаромӯш накунед, вижабарномаи мо шоми ҷумъа, 7-уми март ва субҳи шанбеи 8-уми март пахш хоҳад шуд. Агар Шумо низ дар ин мавзӯъҳо гуфтание доред, ба мо нависед ва дар гуфтугӯҳои Майдони баҳс ширкат кунед.
XS
SM
MD
LG