Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Маҳдудияти барқ ба манзилҳои сокинони Душанбе лағв шуд. «Барқи тоҷик» мегӯяд, рӯзҳои наздик дар манотиқи дигари Тоҷикистон низ лимит бардошта хоҳад шуд.

Мақомоти энержии Тоҷикистон, ки тайи моҳи гузашта хабари хушҳолкунандае барои мардуми аз сармои тоқатфарсо ранҷкашидаро надоштанд, акнун умедворанд, ки хабари хотимаи маҳдудияти тавзеъи нерӯи барқ сокинонро хушҳол хоҳад кард. Аммо танҳо сокинони Душанбе - пойтахти Тоҷикистонро.

Ширкати «Барқи тоҷик» акнун бемаҳдудият ба хонаҳои зисти сокинони Душанбе нерӯи барқро интиқол медиҳад ва мегӯяд, ки рӯзҳои наздик лимити шадиди нерӯи барқ дар манотиқи дигари Тоҷикистон низ хотима дода хоҳад шуд. «Барқи тоҷик» дар пайи ин хабари хуш барои сокинони сармохӯрдаи Душанбе гуфт, ки маҳдудияти барқ ҳамчунин ба корхонаҳои саноъатии хурду бузурги пойтахт қатъ мешавад. Ба он корхонаҳое, ки аз ширкати «Барқи тоҷик» то имрӯз қарздор намондаанд.

Музаффар Раҳмонов, сармуҳандиси корхонаи саноъатии мавсум ба «Торгмаш»-и пойтахт, мегӯяд, корхонаи онҳо рӯзи душанбеи 3 март аз таътили иҷборӣ озод шуд ва тоза ба кор шурӯъ кард. Оқои Раҳмонов афзуд, тӯли бештар аз як моҳ ба далели бебарқӣ корхонаи «Торгмаш» кор намекард ва коргаронаш дар «таътили зимистона» буданд. Аз ӯ мепурсам, ки дар тӯли як моҳи хомӯшӣ корхона чӣ миқдор зиёни молӣ дидааст? Музаффар Раҳмонов гуфт: «Корхонаи мо ҳар моҳ ба ҳисоби миёна ҳудуди 57 ҳазор мол истеҳсол мекард. Тӯли моҳи феврал, ки барқ нашуд ва мо кор накардем, ин миқдор маблағ аз даст рафт».

Агарчи соҳибони корхона ва чопхонаву тарабхонаҳо иддао доранд, ки аз камбуди шадиди нерӯи барқ зиёни молӣ дидаанд, мақомот аз шарҳу тавзеҳи он худдорӣ меварзанд. Аммо суоли матраҳ ин аст, ки корхонаҳои зиёндида чӣ кор хоҳанд кард? Хисороти молии онҳоро кӣ бояд ҷуброн кунад? Музаффар Раҳмонов мегӯяд, то имрӯз ҳич кадом аз мақомоти расмӣ доир ба ҷуброни хисороти ворида ба корхонаи онҳо чизе ваъда надодааст. Ҳар зарар ва ҳар фоида, ба гуфтаи ӯ, ба дӯши коргарони корхона аст. Вале Тоҳири Абдуҷаббор, таҳлилгари масоили иқтисодӣ, ба ин суол дар Тоҷикистон посух ҷустанро бемаънӣ медонад ва мегӯяд: «Умуман суол ҷолиб, аммо беҷост. Барои хотири он ки ҳанӯз дар Тоҷикистон қонун дар бораи муфлисшавӣ ва ҷуброни хисорот ба объектҳои иқтисодӣ вуҷуд надорад ва дар садади он ҳам нестанд, ки чунин як корро ба сомон бирасонанд».

Бино ба гузоришҳои расида аз Кӯлоб, минтақаи ҷанубии Тоҷикистон, коргоҳҳои саноъатии хурду бузурги ин минтақа низ баъд аз таътили дурударози маҷбурӣ дубора ба фаъолият оғоз кардаанд. Шаҳрдории Кӯлоб гуфтааст, мақомоти энержии Тоҷикистон ба онҳо ваъда додаанд, ки ҳаҷми интиқоли нерӯи барқро рӯзҳои наздик афзоиш медиҳанд. Гуфта мешавад, дар шаҳри Кӯлоб 28 корхонаҳои саноъатии хурду бузург фаъоланд ва ба иллати бебарқӣ 98 дарсади онҳо то тӯли бештар аз ду моҳ аз кор бозмонда буданд.

Дар ҳамин ҳол, ширкати «Барқи тоҷик» мегӯяд, мавзӯъи интиқоли комили барқ ба манотиқи дигари Тоҷикистонро, ки тӯли се моҳи фасли зимистон аз бебарқӣ ранҷ мебурданд, ҳал мекунад. Ва ин рӯз, ба гуфтаи онҳо, 21 март дар ҷашни Наврӯз фаро мерасад. Ба ҳар ҳол, мақомоти энержии Тоҷикистон мегӯянд, ки сар аз моҳи март баробари беҳ шудани вазъи нерӯгоҳи барқи обии Норак ба вилояти Суғд 4,2 миллион ва ба вилояти Хатлон 3,5 миллион киловатт соат барқ интиқол додаанд.

Лимити шадиди интиқоли нерӯи барқ барои сокинони пойтахти Тоҷикистон 7 феврал шурӯъ шуд. Аммо сокинони манотиқи дигари он аз моҳи ноябри соли гузашта то кунун дар банди торикӣ ҳастанд ва мегӯянд, то моҳи апрел низ ҳамчунон хонаҳои худро мисли аҳди бостон бо чароғи керосинӣ ва шамъ рӯшан хоҳанд кард. Танҳо дар миёнаҳои апрел одатан тамоми Тоҷикистон шабонарӯз бо нерӯи барқ таъмин мешавад.

XS
SM
MD
LG