Пайвандҳои дастрасӣ

Дар ду моҳи ахир дар Русия бештар аз 20 муҳоҷири кории тоҷик ва 8 муҳоҷири қирғиз кушта шудаанд. Дар ин кушторҳо коршиносон аксаран сартарошидаҳои рус, бегонаситезон ва нажодпарастонро муттаҳам медонанд. Оё барои пешгирӣ аз ин падидаи зиддибашарӣ мақомоти зидахли Руссия тадобири кофӣ меандешанд?

Дар мулоқоти 21-уми феврали раҳбарони кишварҳои муштаракулманофеъ дар Маскав тақрибан ҳамаи руасои ҷумҳуриҳо ин масъаларо бо Владимир Путин - раиси ҷумҳури Русия матраҳ карданд. Путин чунин гуфт: "Мо ҳар кореро анҷом медиҳем, то мутмаъин бошем, ки ҷинояткорон пайдо мешаванд, ба додгоҳ кашонда мешаванд ва ба сазои аъмолашон мерасанд".

Вале созмонҳои мустақили нозир бар ҳуқуқи башар дар Русия ба ин гуфтаҳо кам бовар доранд. "Сова" як маркази иттилоъотиву таҳлилӣ дар Русия аст, ки бар фаъолияти нажодпарастону миллатгароён дар ин кишвар назорат мекунад. Дар як гуфтугу аз Галина Кожевникова - муовини раиси ин марказ дар Маскав нахуст дар бораи шумораи афроде пурсидам, ки қурбони ҳамлаи бегонаситезону миллатгароёни рус шудаанд:

Ҷавоб: "Шумораи кушташудагон ба дасти неонатсистҳо ё миллатгароён дар соли гузашта то ба 72 нафар расид. Маҷмуъан 650 нафар осеб диданд. Ин танҳо рақамҳоест, ки мо медонем. Шумораи қурбониёни чунин ҳамлаҳо нисбат ба як соли пеш 15 дарсад афзоиш ёфтааст. Оғози соли ҷорӣ нишон дод, ки имсол шумораи кушташудагон хеле зиёд аст. То ҳол чунин набуд. Танҳо дар ду моҳи соли ҷорӣ 26 нафар кушта шудаанд. Ба ҳисоби миёна ҳар ҳафта се нафарро дар Русия дар заминаҳои бегонаситезӣ мекушанд. Умеде барои камтар шудани чунин ҳамлаҳо дида намешавад".

Суол: «Шумо чӣ фикр мекунед, оё тадбирҳое, ки барои пешгирӣ аз ҳамлаи бегонаситезону нажодпарастон ҳукумати Русия мегриад, кофист?»

Ҷавоб: "На, муттаассифона на. Барои он, ки ҳеҷ гуна тадбир ҳам андешида намешавад. Фаъолияти ниҳодҳои ҳифзи тартибот мушоҳида мешавад, вале он ҷанбаи доимӣ надорад. Каме умед пайдо шудааст, ки он ҷанбаи доимӣ бигирад. Вале ҳоло чунин нест. Фақат изҳороти пурсару садо пахш мекунанд, ки ба бегонаситезӣ роҳ надиҳанд, вале дар амал коре анҷом намегирад. Дар Руссия бояд барномаҳои таълими ҷавонон дар руҳияи ватанпарастӣ бозбинӣ шавад, зеро ин барномаҳо вижагиҳои комилан таҷовузгаронаву низомӣ доранд ва иҷоди образ ё симои душманро, ҳар гуна душманро, талқин мекунад".

Суол: «Галина Владимировна, намояндагони кадом миллатҳо мавриди ҳамлаи миллатгароён қарор мегиранд?»

Ҷавоб: "Медонед, мо мансубияти миллии онҳоро таҳқиқ намекунем, чунки аксар вақт ҳуввияти он шахс номаълум мемонад. Маъмулан мегуянд, ки кушташуда аз миллатҳои ғайриславянист, ба мардумони Қафқоз ё тоҷикон шабоҳат дорад. Ба ҳамин далел, мо онҳоро аз зоҳирашон ба чунин гуруҳҳо тақсим мекунем. Вале бояд бигуям, ки бештар ба шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамла мекунанд. Соли гузашта аз 72 нафае, ки кушта шуданд, 28 нафарашон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ буданд. Аз Тоҷикистон, аз Қирғизистон, аз Узбакистон ва чанд нафар аз Қазоқистон ҳам буданд".

XS
SM
MD
LG