Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кобул дарсадшумории Амрикоро "беасос" номид


Мақомоти Кобул имрӯз изҳороти хадамоти иктишофии Амрикоро, ки ҳукумати Афғонистон ҳамагӣ 30 дарсади қаламрави кишварашро зери назорат дошта, 10 дарсади мамлакат дар тасарруфи толибҳост, рад кард. Мудири Хадамоти иктишофии Иёлоти Муттаҳида, Майкл Макконел, ҳафтаи гузашта гуфт, бахши боқимондаи Афғонистон дар дасти гурӯҳҳои қабилаист. Имрӯз раиси хадамоти амниятии миллии Афғонистон, Амруллоҳ Солеҳ, дар нишасти хабарӣ дар Кобул гуфт, ҳукумати Афғонистон ин арзёбиро комилан беасос мешуморад. Дабири куллии Паймони Атлантики Шимолӣ, Яап де Ҳуп Схеффер низ шуморишҳои Макконелро баҳсталаб номидааст.
XS
SM
MD
LG