Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Футбол: оғози Ҷоми Рустам Долтабоев


3-вуми март дар шаҳри Душанбе давраи ниҳоии мусобиқаи анъанавӣ барои дарёфти Ҷоми яке аз поягузорони футболи тоҷик Рустам Долтабоев шурӯъ шуд.

Шералӣ Давлатов, дабири кулли Федеросиюни футболи Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ хабар дод, ки давраи ниҳоии ин мусобиқаи анъанавии ҷумҳуриявӣ бо ширкати 8 даста дар ду гурӯҳ сурат гирифтааст.
Ба гурӯҳи «А» се дастаи шаҳри Душанбе – «ХИМА», «Энергетик», «Динамо» ва дастаи «Меҳнат»-и Румӣ шомиланд. Дастаҳои «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, «Вахш»-и Қӯрғонтеппа, CSKA «Помир»-и Душанбе ва «Тоҷиктелеком»-и Қӯрғонтеппа ба гурӯҳи «Б» дохиланд.
Вале, дар ҳамин ҳол, ғолибони мусобиқаи минатақавии Суғд – «Хуҷанд» ва «Эсхата» – аз ширкат дар давраи ниҳоии ин мусобиқот даст кашиданд.
Бар асоси низомномаи мусобиқаи мазкур аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба бозиҳои ниманиҳоӣ, ки 11-уми март баргузор мешаванд, роҳ меёбанд.
Барандаи Ҷоми Рустам Долтабоев дар бозии ниҳоӣ рӯзи 13-уми март муайян хоҳад шуд.
МТТУ - барандаи Ҷоми раисиҷумҳури Туркманистон
Дастаи МТТУ – Донишгоҳи байнулмилалии Туркманистону Туркия – барандаи Ҷоми раисиҷумҳури Туркманистон гардид.
Дастаи МТТУ дар бозии ниҳоӣ, ки дар варзишгоҳи «Олимпӣ»-и пойтахти Туркманистон баргузор шуд, бар дастаи «Ишқобод» бо натиҷаи 2:1 пирӯз шуда, барои дувумин бор пайиҳам соҳиби мукофоти аслӣ ва 20 000 доллар гардид.
Ба дастаи «Ишқобод», ки ҷои дувумро гирифт, 10 000 доллар супурда шуд.
Тими мунтахаби ҷавонони зери 19-солаи Эрон, ки бар дастаи «Мика»-и Арманистон бо натиҷаи 1:0 ғолиб омад, ҷои севумро касб кард ва бо 5 ҳазор доллар сарфароз гардид.
Вале, чунонки қаблан хабар дода будем, дастаи футболи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа дар ин мусобиқоти байнулмилалӣ ноком шуд. Футболбозони тоҷик, ки дар як дидор ғолиб омада, дар 2 бозӣ шикаст хӯрданд, бо 3 имтиёз дар гурӯҳи «С» дар зинаи пешазохирин (севум) қарор гирифтанд ва аз идомаи мубориза барои Ҷоми раисиҷумҳури Туркманистон маҳрум гардиданд.
XS
SM
MD
LG