Пайвандҳои дастрасӣ

Тонкҳо дар кӯчаҳои Ереван


Вазъ дар Ереван, пойтахти Арманистонро нирӯҳои артиш ва тонкҳо таҳти назорат гирифтаанд. Сейран Оганиён, фармондеҳи ситоди артиши Арманистон ҳушдор дод, ки ҳар навъ талоши ташкили тазоҳуроти ҷадид ба муқобилияти сахти ин нирӯҳо рӯбарӯ хоҳад шуд.

Роберт Кочариён, раисиҷумҳури Арманистон дар пайи задухӯрдҳои байни нирӯҳои пулис ва тазоҳургарон, ки шаби шанбе ба якшанбе мунҷар ба ҳалокати 8 нафар шуд, вазъи фавқулодда эълон кардааст.

Тарафдорони номзади мухолифин Левон Тер-Петросиён мегӯянд, мақомот натоиҷи интихоботи раёсати ин ҷумҳурӣ дар таърихи 19 февралро, ки бар асоси натоиҷи рамиаш, бо пирӯзии Серж Саркисиён, муттаҳиди президенти кунунӣ анҷом ёфт, дасткорӣ кардаанд. Иттиҳодияи Аврупо ва Амрико ҳамаи ҷонибҳои зидахли Арманистонро ба хештандорӣ хонда ва Кумиссари олии ҳуқуқи башари СММ Луиз Арбур дар бораи ҳалокати афрод дар ҷараёни ошӯбҳои Ереван изҳори нигаронии амиқ кардааст. САҲА мегӯяд, ба хотири миёнҷигӣ як намояндаи хосашро ба пойтахти Арманистон фиристодааст.
XS
SM
MD
LG