Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медведев бо беш аз 69 дарсад пешсаф аст


Дмитрий Медведев, ки бино бар натоиҷи эълоншудаи шумориши оро, дар интихоботи раёсатҷумҳурии Русия баранда шудааст, гуфт, ӯ баъди расман нишастанаш ба курсии президентӣ масъулияти сиёсати хориҷии Русияро бар ӯҳдаи худ мегирад. Нишасти хабарии Медведев дар ҳоле доир шуд, ки натоиҷи тақрибан такмилшудаи шумориши оро ҳокист, ки дар интихоботи рӯзи 2 март ӯ беш аз 69 дарсади ороро ба худ ихтисос медиҳад. Медведев гуфт, сиёсати вай давоми роҳи Владимир Путин хоҳад буд. Вай гуфт бо раисиҷумҳури кунунӣ, ки қарор аст, дар давлати вай ба курсии сарвазирӣ бинишинад, муштаракан кор хоҳад кард.

Интизор меравад, расми адои савганди Дмитрий Медведев ҳамчун президенти ҷадиди Русия рӯзи 7 май баргузор шавад.

Давлати Амрико аз шарҳи интихоботи раёсатҷумҳурии Русия дар ҳоли ҳозир худдорӣ карда гуфтааст, натоиҷи он ҳанӯз такмил нашудааст.

Натоиҷи расмии шумориши анҷомшудаи оро мегӯяд, Медведев беш аз 69 дарсади ороро бурдааст.

Номзади коммунистҳо Геннадий Зюганов дар мақоми дуввум ва номзади ҳизби либерал-демократ Владимир Жириновский дар ду мақоми баъдӣ ҷой гирифтаанд.

Геннадий Зюганов дар ҳамин ҳол гуфтааст, ки ҷараёни интихобот ҳамроҳ бо тахаллуф ва тақаллуб буд.
XS
SM
MD
LG